МД «ПАЖӮҲИШГОҲИ ГАСТРОЭНТЕРОЛОГИЯ»-И

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Директори МД "Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
доктори илмҳои тиб Азимзода Саодат Мустафо

Бо назардошти зарурият ва ҳалли проблемаи паҳншавии бемориҳои узвҳои ҳозима ва ҷигар, дар аввали солҳои 60-ум, Пажўҳишгоҳи гастроэнтерология бо сарварии академик Ҳ.Ҳ. Мансуров таъсис дода шуд, ки аввалин пажўҳишгоҳи соҳавии илмӣ-амалӣ оиди омузиши бемориҳои узвҳои ҳозима дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ буд. Дар 16-ум ҷаласаи уммумииттифоқии терапевтҳо (Москва, 1965) пажўҳишгоҳ ҳамчун маркази илмии гастроэнтерология дар собиқ Иттиҳод тасдиқ карда шуд.

Пажўҳишгоҳ дар омўзиши қариб тамоми масоили гепатология ва гастроэнтерология, аз он ҷумла аҳамияти биопсияи ҷигар, норасоии ҷигар, гипертензияи порталӣ, бемориҳои вирусӣ ва алкоголии ҷигар, мавқеи гормонҳои стероидӣ дар табобатии бемориҳои музмини ҷигар, муолиҷаи ассит ҳангоми сиррози ҷигар, бемориҳои камвохуранда ва душворташхисшавандаи узвҳои ҳозима, колити захмӣ, бемории санги талха саҳми бузург гузоштааст.

Соли 2000 директори институт акад. Г.К. Мироҷов интихоб гардид. Дар солҳои 2000-2013 пажўҳишгоҳ дар омузиши гепатитҳои музмин, сирроз ва саратони ҷигар, гипертензияи порталӣ, бемории чарбии ғайриалкоголии ҷигар, давраҳои аввали пайдоиши санги талха ва бемориҳои ба H.pylori вобаста нақши назаррас гузошт.

Соли 2014 директори пажўҳишгоҳ Азимова С.М. таъин гардид, ки  корҳои илмии устодони худро давом дода истодааст.

Соли 1999 пажўҳишгоҳ ба бинои нави клиникавӣ кучид. Сохтмони бинои озмоишгоҳӣ пас аз дахолати бевоситаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 ба охир расид. Пажўҳишгоҳ батадриҷ бо дастгоҳҳои муосир қисман таҷҳизонида шуда истодааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Пажўҳишгоҳ бо олимон ва марказҳои илмии Россия, ИМА, Англия, Олмон, Фаронса, Ҷопон да дигар мамлакатҳо робити илмӣ дорад. Олимони пажўҳишгоҳ ба ҳайси намояндаи илми гастроэнтерологияи тоҷик дар конгрессҳо, симпозиумҳои байналмиллалӣ ва миллӣ дар Москва, Токио, Париж, Лондон, Копенгаген, Вена, Рим, Амстердам ва ғайра иштирок намуданд.

Пажўҳишгоҳи гастроэнтерология маркази илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилӣ-методӣ, машваратӣ, клиникавӣ ва омузишӣ мебошад. Пажўҳишгоҳ сармуассисаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди проблемаҳои бемориҳои узвҳои ҳозима ба ҳисоб меравад.

Вазифаҳои асосии пажўҳишгоҳ расонидани ёрии тахассисии гастроэнтерологӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ, омузиши проблемаҳои минтақавии бемориҳои узвҳои ҳозима ва ҷигар, пешниҳод ва дар амалия ҷорӣ намудани усулҳо ва технологияҳои нави ташхисӣ ва табобатӣ мебошанд. Дар айни замон дар амалишавии нақшаи корҳои илмӣ ва табобатӣ 42 нафар кормандони илмӣ (аз он ҷумла 1 академик, 1 аъзо-вобаста, 8 доктори илмҳои тиб, 26 номзади илм ва 16 табибон) ширкат меварзанд.

Дар пажўҳишгоҳ ёрии мутахассисӣ ва бавижаи гастроэнтерологӣ дар самтҳои зерин расонида мешаванд:

- ташхиси бемориҳои ҷигар ва талхадон бо истифодаи усулҳои таҷҳизотӣ, биохимиявӣ, иммунологӣ, вирусологӣ ва морфологӣ;

- ташхиси бемориҳои меъда ва руда бо истифодаи усулҳои эндоскопӣ, рентгенологӣ ва морфологӣ;

- табобати беморони гирифтори бемориҳои узвҳои ҳозима дар асоси дастовардҳои илмии ватанӣ ва ҷаҳонӣ;

- истифодаи тамоми усулҳои ҷарроҳии бемориҳои ҷигару талхадон ва меъдаю рўда.

Сохтори пажўҳишгоҳ мувофиқи ниёзмандӣ баёрии мутахассисӣ ва бавижаи гастроэнтерологӣ сохта шуда, аз 9 шўъбаҳои илмӣ, клиника бо 100 кат ва дармонгоҳи маслиҳатӣ иборат аст. Клиника дорои шўъбаи гастроэнтерологӣ, шўъбаи гепатологӣ, шўъбаи ҷарроҳии меъда ва рўда, шўъбаи ҷарроҳии ҷигар ва ғадуди зери меъда, шўъбаи эҳё ва шўъбаи кўдакона мебошад.

Кормандони пажуҳишгоҳ ба аҳолии шаҳри Душанбе дар марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои табобатӣ ёрии фаъолонаи маслиҳатӣ ва табобатию профилактикӣ мерасонанд. Мувофиқи нақшаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони пешбари пажуҳишгоҳ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ёрии амалиб маслиҳатӣ расонида, бо маърўзаҳо баромад намуданд.

Кормандони пажуҳишгоҳ чандин маротиба ба воситаи садо, симо ва матбуот баромад карданд. Бидуни ин кормандони пажуҳишгоҳ бо беморон оид ба масъалаҳои пешгирии бемориҳои узвҳои гувориш зиёда аз 200 суҳбатҳо гузарониданд.

Такмили доимии дониши сохави ва кашфи усулхои нави ташхису муоличаи беморихои узвхои хозима ба муборизаи бомуваффакият нисбати беморихои пахншудаи гастроэнтерологи ва гепатологии инсони муосир умед мебахшанд.

ГУ "ИНСТИТУТ ГАСТРОЭНТЕРОЛОГИИ"

МЗ СЗН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

 

    Институт гастроэнтерологии МЗ СЗН Республики Таджикистан – первый в бывшем Союзе институт научно-практического профиля по разработке важнейших          проблем патологии органов пищеварения, включая гепатобилиарной системы, создан академиком АН и АМН республики Таджикистан Х.Х. Мансуровым  на базе  клинического отдела Института краевой медицины, организованного в 1959 году. Директором института он был назначен в 1962 г. С этого времени тематика  исследований становится   более   монолитной,   и   в 1965 (XVI Всесоюзная конференция терапевтов) официально утвердился как единственный Институт  гастроэнтерологии в бывшем Союзе, за которым были закреплены среднеазиатские республики, южная часть Казахстана и юго-восточные регионы Сибири.

 В настоящее время в институте работают 9 докторов и 26 кандидатов медицинских и биологических наук. Структура института состоит из 9 научных  подразделений и включает в себя печеночно-панкреальный отдел с УЗИ, иммунологией, вирусологией и микробиологией, отдел биохимии, лаборатории  эндоскопии, морфологии, радиологии, рентгенологии, желудочно-кишечной патологии с группой абдоминальной хирургии, лаборатории патофизиологии и    экспериментальной фармакотерапии, а также клиники на 100 коек. 

   

 

 

      

 

Институт внес весомый вклад в развитие практически всех направлений гепатологии и гастроэнте­рологии: внедрение биопсии печени; вопросы недостаточности печени; портальная гипертензия; алкогольные и вирусные поражения печени; место стероидных гормонов в ле­чении хронических диффузных поражений печени; лечение цирротического асцита; редкие и труднодиагностируемые заболевания органов пищеварения; язвенный ко­лит; желчно-каменная болезнь. По всем этим проблемам каждые два года в г. Душанбе организовывались Всесоюзные конференции и симпозиумы с участием ведущих гастроэнте­рологов Союза и зарубежья, а также издавались тематические сборники "Актуальные вопросы патологии печени" и "Проблемы гастроэнтерологии", с 1990 г. также первый научно-практический журнал "Проблемы гастроэнтерологии".

В 1999 г. институт перебазировался в новое здание клинического корпуса, а в 2005 г. завершено строительство лабораторного корпуса. Постепенно приобретается современное оборудование. В 2000 году директором института был избран ученик акад. Х.Х. Мансурова акад. АН Республики Таджикистан Г.К. Мироджов.